Шумори тоҷикистониёни ҳалокшуда дар садамаи нақлиёт дар вилояти Саратови Русия то ба 5 нафар расида, боз 6 нафари дигар дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Бино ба иттилои РИА Новости, ҳамаи ҳалокшудагону осебдидагон шаҳрвандони Тоҷикистон буда, раҳбарияти Раёсати минтақавии БДА ба макони ҳодиса рафтаанд ва аз рӯи ин далел санҷиш гузаронида мешавад.

«Тибқи маълумоти ба мо расида, дар натиҷаи садамаи нақлиёт 11 нафар осеб дида, 5 нафар ҳалок ва 6 нафар дар бемористонҳои шаҳри Саратов бистарӣ шудаанд, - гуфтааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ. - Вазъи бистаришудагон вазнин арзёбӣ шуда, табибон баҳри хуб кардани вазъи онҳо кумаки зарурӣ мерасонанд».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.