Бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар роҳи мошингарди Душанбе - Қӯрғонтеппа рух дод, 4 нафар ҳалок ва 4 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи боркаши «КамАз», сокини 46-солаи ноҳияи Бохтар Саидхӯҷа Қосимов аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Чанху» таҳти идораи сокини маҳаллӣ Давлат Мирзомуддинови 33-сола бармехӯрад.

Гуфта мешавад, дар натиҷа ронанда ва мусофири автомашинаи «Чанху» дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, 6 нафар боқимонда мусофирони ин автомашина дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Қайд мешавад, баъдтар дар бемористон аз ҷароҳатҳои бардошта боз ду нафари аз садама осебдида - занони сокинони ноҳияи Бохтар ҳалок шудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон сабабу ҳолатҳои рух додани садамаи нақлиёти мазкур мавриди омӯзигшу таҳқиқ қарор гирифтааст.