Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мавриди ҳамла ва лату кӯби афроди ношинос қарор гирифт.

Зоиров рӯзи 14-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ҳамла шаби нуҳуми ноябр, ҳангоме сагашро ба берун бароварда буд, дар болои пул ё купрӯки маҳаллаи 103-юми пойтахт иттифоқ афтодааст.

Сиёсатмадор ин ҳамларо тарҳрезишуда донист ва гуфт, дар пайи он дасти рост, китф ва тахтапушташ осеб дид. Раҳматилло Зоиров рӯзи 28-уми октябри имсол аз Қазоқистон ба Душанбе баргашт.

Раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфт, дар бораи латту кӯб ва таҳқир диданаш ба мақомоти интизомӣ муроҷиат кард ва як намояндаи мақомот бо ӯ дар ин бора суҳбат дошт. Раҳматилло Зоиров хостори расидагӣ ба ин қазия шуда, аз мақомот хостааст, дақиқ намоянд, ки ин афрод кӣ буданд ва ҳадаф аз ҳамла чӣ буд? Вале гуфт, “то ҳол шахсияти ҳамлаварон ошкор нашудааст.”

“Дар аввал зани тахминан 35-40-сола бе ягон сабаб “садқаи мусалмонӣ шав, бенамозу ноинсоф” гуфта, маро таҳқир кард. Сипас, ҷавони тақрибан 28-30-сола низ пайдо шуда, “ту Зойирови ватанфурӯш, хоини миллат, боз ба ҷумҳурӣ баргашта, кори сиёҳи худро давом медиҳӣ” гуфт. Дар ҳамин вақт, марди шарики онҳо, аз пушт омада, бо оҳан ба сарам заданӣ буд, ки бо дасти рост ҳимоя кардам. Зарба ба панҷаи дастам расид ва даст аз кор монд”, - нақл кардааст Зоиров.

Раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, ин кор тарҳрезишуда буд ва бояд мақомот омилонашро пайдо кунанд. Раҳматилло Зоиров гуфт, "инҷо версияҳо зиёд аст. Барои инки ҳамлаварон супоришӣ буданд ва махсус омода шудаанд. Онҳо ному насаби маро гирифтанд, узбак ва хоини миллат ва монанди ин гапҳоро гуфтанд. Одамони ношинос ё нотайёр инхел гапҳоро гуфта наметавонанд. Ман онҳоро бинам, мешиносам. Ин ҳамла тарҳрезишуда буд."