Дар роҳи мошингарди байни маркази ноҳияҳои Балҷувон ва Ховалинг автомашинаи тамғаи «УАЗ» ба чуқурии 200-метра сарозер рафт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷа ронандаи автомашина Маҳмадулло Розиқови 52 сола ва ҳамаи 5 нафар мусофирони автомашинаи ӯ, аз ҷумла кӯдаки 11-сола ба ҳалокат расидаанд.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки рӯзи 20 ноябр ҳангоми шустушӯи автомашина дар ҳавлии хона  дар ноҳияи Восеъ Иззатулло Давлатови 32-сола дар ҳолати мастӣ аз беэҳтиётӣ ба ҷой гузоштани дастгоҳи таваққуфи мошинро фаромӯш мекунад

«Автомашина ба қафо ҳаракат карда, духтари хурдсоли 11-солаашро пахш намудааст, ки дар натиҷа духтари хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст», - омадааст дар хабар.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.