Бо вуҷуди чандин маротиба ронандагонро огоҳ кардани Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, бархе аз онҳо суръати ҳаракатро риоя накарда, дар обуҳавои номусоид ба ҳодисаҳои нохуш дучор мешаванд.

Сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Умеда Юсуфова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки чанде пеш ронандаи автомашинаи «Чарху», сокини 24-солаи шаҳри Дуанбе суръати ҳаракатро баланд намуда, автомашина ба канали воқеъ дар канори пойтахт чаппа шудааст.

«Ронанда ба паридан аз автомашина фурсат ёфта, наҷотдиҳандагони Кумита автомашинаро аз канал берун оварданд», - гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз ронандагон боисрор дархост мекунад, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, саломатӣ ва ҳаёти худро зери хатар нагузоранд.