Шуъбаи ВКД дар шаҳри Истаравшан занеро, ки шояд ба гумшавии Ганҷина Қаюмоваи 9-сола тобистони соли равон даст дошта бошад, мавриди ҷустуҷӯ эълон кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Шуъбаи ВКД дар шаҳри Истаравшан дар ин робита иттилоъ дод, «баъди омӯзиши наворҳои сабти видео дар он рӯзи гумшавии Ганҷина, дида мешавад, ки як зани ношинос аз қафои ӯ мегардад».

«Маъмулан дар деҳот ҳама якдигарро мешиносанд, вале мо ҳам дар шаҳру ҳам дар деҳаҳои наздик сокинонро пурсидем, вале ҳеҷ касе ин занро намешиносад, - гуфт манбаъ. Ман тасдиқ карда наметавонам, ки маҳз ин зан Ганҷинаро дуздидааст».

Ба гуфтаи ӯ, мавҷуд набудани дигар маълумот дар бораи ин ҳодиса онҳоро водор кардааст, ки ин занро мавриди ҷустуҷӯ эълон кунанд, вале муддати як ҳафтаи баъди эълон, алҳол ба шуъба дар ин хусус ҳеҷ маълумоте нарасидааст.

Зимнан зикр гардид, ки агар касе дар ин бора маълумоте дошта бошад, метавонад бо телефонҳои  98 856 78 78; 92 642 02 00; 92 856 78 78 ва 93 938 99 99 хабар диҳад.

Уктам Қаюмов, падари Ганҷина ба шахсоне, ки духтари ӯро меёбанд, манзили дуҳуҷрагӣ ваъда мекунад ва умедвор аст, ки бо дарёфти зан «аз наворҳои камераҳои видео», духтараш низ ҳамроҳи ӯ пайдо мешавад.

«Агар ӯ дар ин ҷо зиндагӣ мекард, мо ӯро меёфтем. Мо аз ҳар кӯчаву маҳалла гузар карда, одамонро пурсидем, ҳатто то Айниву Панҷакент низ рафтем, лекин касе ин занро намешиносад», - қайд кард Қаюмов.

Ба гуфтаи номбурда, аксҳои Ганҷина дар Ӯзбекистону Қирғизистон ва Қазоқистон низ паҳн шудаанд, зеро пайвандону наздиконаш аз эҳтимол дур намедонанд, ки Ганҷина ба хориҷи кишвар бурда шуда бошад.

Ёдрас мекунем, ки хонандаи синфи 2-и мактаби №4-и шаҳри Истаравшан Ганҷина Қаюмова рӯзи 25 август дар бозори марказии шаҳр бедарак шуд.