Кормандони милитсияи вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар қатдли ду нафар сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро боздошт намуданд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса менависад, марди 42-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, устои таъмири хона шабона дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш, зани 36-сола ҷангу ҷанҷол карда, аввал бо корд 17-маротиба ба узвҳои бадани занаш ва сипас 6 маротиба ба узвҳои бадани духтари 8-солааш зарба задааст, ки дар натиҷа, зан ва фарзанди ноболиғаш аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Гуфта мешавад, баъдан номбурда ба хонаи ҳамдеҳааш, марди 36-сола меравад ва бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 1-маротиба ба гарданаш зарба мезанад, ки бар асари он ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.