Соати 08:40 дақиқи субҳи имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон заминларза рух дод, ки қувваи он дар марказаш 5 баллро ташкил дод. Талафоти ҷонӣ ва осебу харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст.
Бино ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон, маркази заминларза 110 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, дар қаламрави водии Рашт муқаррар шуда, қувваи заминҷунбӣ дар марказ - 5 балл, дар Душанбе - 3 балл ва дар Нуробод - 2 баллро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Маркази зилзилашиносии Аврупо ва Баҳри Миёназамин, қувваи заминдарза дар марказ ба 4,9 балл баробар будааст.
Маркази заминларза дар 120 километрии шарқи Душанбе, 50 километрии шимоли Муъминобод ва 36 километрии шимолу шарқи Роғун дар чуқурии 51 километр сабт шудааст.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста