Духтари 18-сола даст ба худкушӣ зада, худро аз болои пул ба дарёи Душанбе партофт. Ӯро наҷот доданд.

Тавре аз Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ хабар доданд, ҳодиса нимаи рӯзи 16 январ дар болои пули раҳгузари наздикии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-1 рух додааст.

«Ӯ бо сабаби мушкилоти оилавӣ ба ин кор даст зада, нахуст таблетка истеъмол мекунад ва сипас худро аз болои пул ба дарё мепартояд, - гуфтанд дар ШВКД. - Ӯро одамоне, ки дар наздикии ин мавзеъ қарор доштанд, наҷот додаанд».

Зимнан зикр гардид, ки айни замон духтар дар Маркази бемориҳои сӯхтаи шаҳри Душанбе (Беморхонаи №3) бистарӣ ва таҳти муоинаи табибон қарор дошта, аз рӯи ин ҳодиса дар прокуратараи ноҳияи Фирдавсӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Қобили зикр аст, ки ахиран ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задан бо ин восита зиёд шудааст: моҳи феврали соли гузашта духтари 18-сола худро аз болои пул ба дарёи Душанбе партофт; моҳи апрели соли гузашта ҷавонзан бо писарчи якунимсолааш худро ба дарёи Кофарниҳон партофт; нимаи моҳи июн ҷавонзани ҳомиладор худро ба дарёи Вахш афканд; охири моҳи июн зани сокини вилояти Суғд худро ба Сирдарё партофт.

Коршиносон бар ин назаранд, ки бештар занон ба ин амал даст мезананд. Соли 2016 дар ҷумҳурӣ 327 ҳолати худкушӣ (168 нафар - занон, 159 нафар - мардон ва 55 нафар ноболиғон) ба қайд гирифта шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.