Дар роҳи мошингарди Самара - Чимкент дар вилояти Актюбински Қазоқистон автобус оташ гирифта, 52 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳалок шудаанд, хабар медиҳад Агентии «Казинформ» бо истинод ба ниҳоди ҳолатҳои фавқулодаи минтақа.

Бино ба маълумоти пешакӣ, бар асари ин ҳодиса 52 нафар ҳалок шуда, ба панҷ нафар мусофирон муяссар шудааст, ки аз дохили автобус берун раванд.

Хабаргузории «Интефакс» менависад, субҳи имрӯз зимни ҳаракат дар километри 1068-уми роҳи мошингард автобуси тамғаи «Икарус» оташ гирифтааст, ки дар дохили он 55 нафар мусофирон ва 2 ронанда қарор доштаанд.

Гуфта мешавад, кормандони маркази тибии ҳолатҳои фавқулодаи хадамоти оташнишонии маҳаллӣ ва равоншиносон ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, дар депатаменти ҳолатҳои фавқулода ситоди фаврӣ ташкил шудааст.

Сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфова ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки миёни фавтидагон ва осебдидагон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.

«Мо бо сафорати Тоҷикистон дар Қазоқиситон ва Куммитаи ҳолатҳи фавқулодаи Қахзоқистон дар тамос шуда, онҳо хабар доданд, ки дар ин автобус шаҳрвандони мо ҳузур надоштаанд», - иброз дошт ӯ.