Сокини 16-солаи шаҳри Кӯлоб бо мақсади тамаъҷӯӣ, яъне ифшои маълумотҳои беобрӯкунанда дар шабакаи интернетии Инстаграм саҳифа кушодааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ноболиғи мазкур дар ин шабака акси зани 20-солаи сокини шаҳри Душанберо ҷой намуда, аз дӯстдоштааш, марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе барои тоза намудан ва нест кардани сабтҳои беобрӯкунанда маблағи 1000 сомонӣ тамаъ намудааст.

Гуфта мешавад, ноболиғи мазкур ҳангоми гирифтани маблағи 1000 сомонӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.