Корманди шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Исфара дар бинои шуъба худро парронид. Ин ҳодиса рӯзи 20 январ рух додааст, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд.

«Корманди 30-солаи фаврии шуъбаи кофтукови ҷиноятии ШВКД-1 шаҳри Исфара дар бинои шуъба, дар кабинети кориаш худро парронид. Ӯ ба сараш тир холӣ кардааст. Айни замон корманд дар шуъбаи эҳёгарии бемористон дар ҳолати вазнин қарор дорад», - гуфт сарчашмаи хабар.

Аз ифшои ҷузъиёти дигари ҳодиса манбаъ худдорӣ варзида, танҳо зикр кард, ки феълан сабабҳои ба ин амал даст задани кормнади милитсия таҳқиқ мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.