Ба моҳидорӣ рафтани сокинони шаҳраки Гулистони ҷамоати Кӯлқанди шаҳри Исфара ба Конибодом бо фоҷеа анҷомид: онҳо ҳадафи тири низомиён қарор гирифтанд. Дар натиҷа як нафар ҳалок ва як каси дигар дар ҳолати вазнин қарор дорад. Дар ин ҳодиса сарҳадбонони тоҷик даст доранд, ки нисбаташон аллакай парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

«Рӯзи 7 январ Қодирхон Усмонхоҷаев ва боз чор нафар сокинони ҷамоат - Абӯбакр Бобоев ва се бародари ӯ - Ғафурҷон, Ғуфронҷон ва Мирзобаҳриддин Раҳимовҳо барои моҳидорӣ ба Сирдарё, каме дуртар аз ҷамоати Маҳрами шаҳри Конибодом рафтанд, - ҳикоят кард ба «Азия-Плюс» Мутриба Охунова, ҳамсари Усмонхоҷаев. - Баъдан Раҳимовҳо ба мо гуфтанд, ки қарибиҳои соати 9-и шом, вақте сайди моҳиро ҷамъ кардаву азми хонаравӣ мекунанд, низомиён бо автоматҳо назди онҳо меоянд».

Ба қавли Охунова, ҳарбиён ба мардон иддаъо кардаанд, ки дар ин ҷо онҳо ба моҳидорӣ ҳуқуқ надоранд. Сокинони Исфара дар навбати худ посух додаанд, ки дар ин мавзеъ моҳидорӣ манъ нест ва бисёриҳо дар ин ҷо ба ин кор машғуланд.

«Сипас онҳо ба автомашина таҳти идораи Ғуфронҷон Раҳимов нишаста, ба роҳ мебароянд. Ин замон ҳарбиён сӯи онҳо аз силоҳ оташ кушодаанд, ки дар натиҷа Абӯбакр Бобоев ва ҳамсарам Қодирхон Усмонхоҷаев аз сарашон захмӣ шудаанд», - иброз дошт зан.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамон шаб захмишудагонро ба бемористони Конибодом бурда, рӯзи дигар онҳоро ҷарроҳӣ кардаанд, аммо Бобоев ба худ наомада, рӯзи 17 январ ҳалок шудааст.

«Ҳамсарам то ҳанӯз дар ҳолати вазнин қарор дорад, - мегӯяд зан. - Аламовараш он аст, ки доир ба ин ҳодисаи фоҷеабор чизе намегӯянд. Вале дар бораи чорводуздону вазъи обуҳаво мудом маълумот медиҳанд. Баъди ду рӯз марде назди мо омада, худро корманди ҳукумати шаҳри Исфара муаррифӣ намуд. Ӯ хабар дод, ки ҳарбиёни гумонбар дар ин амал аллакай боздошт ва тафтишот оғоз шудааст, вале 10 рӯз сипарӣ шуда бошад ҳам, дигар касе назди мо наомадааст - на кормадони милитсияву на прокурор ва на муфаттиш».

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, аз рӯи далели сӯи моҳидорони Исфара аз силоҳ оташ кушодани сарҳадбонон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, якчанд нафар марзбонон боздошт шудаанд.

Дар навбати худ, котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев дар ин робита изҳор намуд, ки Қушӯнҳои сарҳадӣ ояндаи наздик расман ин ҳодисаро шарҳу тавзеҳ хоҳад дод.

Зимнан зикр гардид, ки тибқи маълумоти пешакӣ, дар қитъаи Конибодоми сарҳади давлатӣ байни Тоҷикисиону Ӯзбекистон моҳи январ ҳеҷ муноқиша ё ҳодисаи ногувор ба қайд гирифта нашудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.