Ҷавондухтари 20-сола бо хонандаи мактаби миёна ба муноқиша пардохта, бо корд ба ҷисми ӯ якчанд зарба мезанад, ки дар натиҷа толибилм ҷароҳат бардоштааст.

Бино ба маълуомти ВКД Тоҷикистон, кормандони милитсия ҷавондухтари сокини ноҳияи Ёвонро ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ дастгир кардаанд.

«Номбурда рӯзи 20 январ аз сабаби муноқишаи бо ноболиғ, писарбачаи 17-солаи сокини деҳаи Ҳаёти-Нави ноҳияи мазкур, хонандаи синфи 11-уми мактаби миёна бо корд якчанд маротиба ба китфаш ва як маротиба ба шиками ҷвавон задааст, ки дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати вазини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст», - омадааст дар маълумоти ВКД.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.