Соати 12 -у 07 дақиқаи имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон заминларза рух дод.

Маркази заминҷунбӣ дар 280-километрии ҷанубу шарқи Душанбе, дар қаламрави Афғонистон воқеъ буд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, қувваи заминларза дар марказ 5-6 балл, дар шаҳри Душанбе- 3-4 балл ва шаҳраки Ғарм - 3 баллро ташкил додааст.

«Маълумот аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон айни замон мавриди коркарду омӯзиш қарор дорад», - гуфтанд дар Хадамот.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.