Дар роҳи мошингарди Душанбе - Қӯрғонтеппа охири ҳафтаи сипаришуда садамаи нақлиёт рух дода, ду нафар ҳалок ва як мусофирзан наҷот дода шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ), шоҳидони воқеа ба дастаи зудамали навбатдорони Кумита дар шаҳри Душанбе занг зада, хабар медиҳанд, ки дар дохили автомашинаи паҷақшуда ронанда ва мусофирон дармондаанд.

КҲФ ва МГ

Гуфта мешавад, садама дар мавзеи ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ рух дода, наҷотдиҳандагон бо асбоби махсус дари мошинро бурида, барои аз он берун овардани одамон қисмати болои мошинро боз кардаанд.

«Ронандаи автомашина ва мусофирзани 21-сола дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, боз як мусофирзан зинда ва бо ҷароҳатҳои сершумор аз дохили автомашинаи паҷақшуда берун гирифта шуда, ба бемористон фиристода шуд», - омадааст дар маълумот.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.