Қодирхон Усмонхоҷаев, ки сарҳадбонон ба сӯяш тир парронида буданд, дар бемористони Конибодом фавтид.

Сафар ба моҳидории 4 сокини шаҳраки Гулистони ҷамоати Кӯлқанди шаҳри Исфара ба Конибодом рӯзи 7 январ фоҷеабор анҷом ёфт: ҳарбиён сӯи онҳо тир холӣ карданд, ки дар натиҷа яке аз онҳо - Абӯбакр Бобоев ҳалок шуда, Қодирхон Усмонхоҷаев дар ҳолати вазнин ба бемористон оварда шуд. Нисбати сарҳадбонон аллакай парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Хешону наздикони Усмонхоҷаев ба «Азия-Плюс» изҳор намуданд, ки баъди ҳодиса аз ҳукумати ноҳия назди онҳо омада, гуфтаанд, ки хомӯш бошанд.

«Онҳо гуфтанд, ки мо ба журналистон чизе нагӯем ва онҳо ба мо кумак карда, хароҷоти бемористонро ба дӯши худ мегиранд. Аммо танҳо аз ҷамоати Кӯлқанд як маротиба 1 ҳазор сомонӣ доданду халос. Ҳукумат ва прокуратура ваъда дода, вале кумак накарданд. Муддати ду моҳи дар бемористон бистарӣ будан, ҳамаи пули муолиҷаро бародараш пардохт кард, ки дар муҳоҷират қарор дорад», - гуфтанд наздикони Усмонхоҷаев.

Маросими ба хок супурдани ҷасади Қодирхон Усмонхоҷаеви 44-сола имрӯз баргузор мешавад. Ҳамсараш Мутриба Охунова ва фарзандонаш дар ҳолати вазнин қарор доранд, зеро ӯ ягона саробон ва ризқрасони хонадон буд.

Қобили зикр аст, ки нисбати ду нафар сарҳадбонони тоҷик, ки рӯзи 7 январ дар Конибодом сӯи моҳигирон тир кушоданд, аз рӯи далели баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.