Кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар қасди куштани тифли навзоди худ зани 21-солаи сокини шаҳри Истаравшанро боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, субҳи рӯзи  21 феврал ҷавонзан дар ҳоҷатхонаи ҳавлии истиқоматиаш кӯдаки ҷинсаш мардро таваллуд кардааст.

«Бо мақсади аз мардум пинҳон доштани таваллуд кардани худ, ки аз вақти барпо намудани оиладориаш ҳамагӣ 4 моҳ гузаштааст, ӯ кӯдаки навзоди худро бо қасди куштан ба дохили ҳоҷатхона партофтааст», - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, овози гиряи кӯдакро аҳли хонаводааш шунида, кӯдакро аз марг наҷот медиҳанд ва оид ба ин ҳодиса ба кормандони милитсия хабар додаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел тибқи талаботи моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.