Субҳи рӯзи 27 феврал дар натиҷаи боронҳои пуршиддат дар қаламрави маҳаллаи Гулпарвари ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ва деҳаи Сабзаи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ сатҳи оби дарёи Ромит боло рафт ва бар асари он 16 қитъаи наздиҳавлигии сокинон зери об монд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ ва МГ, кормандони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе якҷо бо намояндагони хадамоти дахлдори коммуналии ноҳияи Шоҳмансур бо иштироки сокинони маҳаллӣ корҳои тозакунӣ ва соҳилбандӣ гузарониданд.

Гуфта мешавад, рӯзи 26 феврал бар асари боришот дар километри 17-18 роҳи мошингарди Рашт-Сариҷар-Сангвор дар наздикии деҳаи Посуни ҷамоати Чилдараи ноҳияи Сангвор резиши санг ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи он роҳ баста гардид.

Кормандони Шуъбаи КҲФ дар минтақаи Рашт ва хадамоти роҳ ба ҷойи ҳодиса расиданд. Барои тоза кардану боз намудани роҳи масдудшуда 3 адад техникаи махсус сафарбар шуд. Айни замон корҳо барои бартарафсозии оқибатҳои офат идома доранд.

Зикр мегардад, ки шаби ҳамин рӯз дар километри 69-70 роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд тарма фаромад, ки бар асари он роҳ муваққатан баста гардид. Хадамоти роҳи ширкати  IRS бо ҷалби ду адад техника роҳро тоза кард ва ҳоло ҳаркати мошинҳо дубора шурӯъ шудаанд.