Дар қаламрави ҷамоати Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент дар роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент ҷасади марди 31-солаи сокини шаҳри мазкур бо захмҳои бурида дар қисмати гарданаш дарёфт карда шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо иззи гармӣ, падарарӯси марҳум, марди 46-солаи сокини ҳамин шаҳр, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, тафтишот муайян намудааст, ки номбурда 1-уми марти соли 2018, тахминан соати 19:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ қарор дошта, дар маркази деҳаи Суфиёни шаҳри Панҷакент, аз сабаби доштани хусумати шахсӣ нисбати домодаш, ӯро бо корди хоҷагии дар дасташ буда, як маротиба ба гарданаш зада, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Далели шайъӣ гирифта шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.