Дар вилояти Акмолаи Қазоқистон автобус бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Русия сафар доштанд, вайрон шуд, иттилоъ медиҳад хабаргузории CA-NEWS.

Дар Департаменти корҳои дохилии вилоят ба хабаргузорӣ гуфтаанд, ки дар автобуси самти Екатеринбург - Тараз муҳаррикаш (двигатель) аз кор мондааст.

«Маълум шуд, ки муҳаррики автобус шикастаааст. Дар автобус 44 мусофир, аз ҷумла 8 нафар занон ва 5 нафар ноболиғон ҳузур дошта, ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ва ду нафар ронанда шаҳрвандони Қазоқистон мебошанд», - гуфтаанд дар мақомот пулис.

Зимнан зикр мегардад, ки кормандони пулис ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, хадамоти наҷотбахшӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ аз ин ҳодиса огоҳ карда шудаанд. Масъалаи ба ҷойи дигар бурдани мусофирон ва ба таъмир супурдани воситаи нақлиёт мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.