Дар ноҳияи Ҳамадони як сокини маҳаллӣ ба гумони куштори ду нафар дастгир шуд.

Тавре дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, марди 31-солаи гирифтори бемории рӯҳӣ дар ҳавлии истиқоматиаш бе ягон асос ба сару бадани ҳамсари 24-сола ва ду духтарчаи хурдсоли 3 ва 4-солааш бо бел якчанд маротиба задааст.

«Баъдан ба ҳавлии истиқоматии ҳамсояҳояш: зани 53-сола, соҳиби 5-фарзанд ва зани 36-сола, соҳиби 3-фарзанд, даромада, ба узвҳои бадани онҳо низ бе ягон асос бо бел якчанд маротиба зарба задааст», - омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, дар натиҷа духтари хурдсоли 3-солааш ва ҳамсояаш зани 53-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхонаи марказии ноҳия дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидаанд.

«Ҳамсар, духтари 4-солааш ва зани 32-солаи ҳамсояаш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарианд», - қайд мешавад дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.