Дар қаламрави Тоҷикистон субҳи имрӯз якбора се заминларза рух дод, ки маркази ҳамаи онҳо дар як ҷо - 7 км аз Роғун ҷойгир буд.

Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар дод, ки заминларзаи аввал соати 3:54 дақиқа ба вуқӯъ пайваста, маркази он дар 102 километрии шаҳри Душанбе, 7 километрии шимолу шарқи Роғун воқеъ буд ва қувваи он дар марказ - 5 балл, шаҳри Душанбе - 2-3 балл ва Роғун - 4 баллро ташкил додааст.

Заминҷунбии дуюм соати 4:24 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар ҳамин қаламрав ба қайд гирифта шуда, қувваи он дар марказ - 4 балл, Роғун - 3 балл ва дар Душанбе начандон эҳсос шудааст.

Ҳодисаи заминларзаи сеюм соати 7:10-и субҳ ва марказаш боз ҳамон қаламрав - 102 километрии шимолу шарқии шаҳри Душанбе ва 7 километрии шимолу шарқи Роғун сабт шуда, қувваи заминҷунбӣ дар марказ - 3-4 баллро ташкил додааст. Дар Душанбе он начандон эҳсос шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Маркази зилзилашиносии Аврупо ва Баҳри Миёназамин, қувваи заминларза дар марказ ба 4,7 балл баробар будааст.

Маркази заминларза дар қаламрави 120 километрии шарқи Душанбе, 69 километрии шимоли Муъминобод ва 7 километрии шимолу шарқи Роғун дар чуқурии 15 километр муайян шудааст.

Тибқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон, талафоти ҷонӣ ва харобиҳо бар асари ин заминларза ба қайд гирифта нашудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.