Кормандони милитсия як шаҳрванди Чинро ба гумони расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба ҳамшаҳриаш боздошт намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳодиса рӯзона дар қаламрави бозори «Атуш»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба вуқӯъ пайвастааст.

«Шаҳрванди 42-солаи Чин, феълан сокини шаҳри Бӯстон дар ҳолати мастӣ бо ҳамшаҳрии 46-солаи худ, айни замон сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба муноқишаву ҷанҷол пардохта, бо корд як маротиба ба қафаси синаи ӯ зарба мезанад, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст», - омадааст дар хабари ВКД.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати гумонбар бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнине, ки барои ҳаёти инсон хавфнок мебошад) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.