Дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви пойтахт бар асари бархӯрди ду автомашина ба ҳамдигар як зан ва писари 12-солааш ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ 2109», сокини 27-солаи пойтахт Файзулло Файзиев ҳангоми ҳаракат бо суръати баланд қоидаҳои ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба самти муқобили ҳаракати роҳ мебарояд ва ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, таҳти идораи ронанда Зоҳидҷон Самиеви 50-сола бармехӯрад.

«Баъдан, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2109” ба самти муқобили роҳи пиёдагардон баромада, пиёдагардон Мавҷуда Ёқубоваи 38-сола ва писари ноболиғаш Аминҷон Бобомуродови 12-соларо пахш намудааст», - омадааст дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, мутаассифона, дар натиҷаи рух додани чунин ҳодисаи нохуш Ёқубова М.Ш. ва писари ноболиғаш Бобомуродов А.Х. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.