Дар Туркманистон бар асари садамаи автобус 17 кас ҷон бохтанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин ҳодиса дар наздикии дараи Чулин, минтақаи маъруфи истироҳатии Туркманистон, ки дар 20-километрии ғарби шаҳри Ишқобод ҷойгир аст, рух дод.

Як манбаъ дар пулиси маҳаллӣ гуфтааст, шумори қурбониён то субҳи якшанбе ба 17 нафар расид. Дар мавриди теъдоди захмиён иттилои дақиқе рӯи даст нест.

Пулис изҳор доштааст, ки автобус дар натиҷаи савор кардани шумори аз ҳад зиёди мусофирон ва номусоидии бодуҳаво ба садама дучор гаштааст. Он рӯз дар ин минтақа борон меборид. Ронанда натавонистааст, автобусро ҳангоми ҳаракат рӯйи муми таршудаи идора кунад ва он аз роҳ баромада, дар рӯдхонаи канори роҳ чаппа шудааст.

Гуфта мешавад, мақомот ва расонаҳои расмӣ чун ҳар вақта дар робита ба садамаи пурқурбонӣ иттилое намедиҳанд. Ҳангоми нашри ин хабар кормандони пулис маҳалли садамаро муҳосира карда буданд.