Дар шабакаи иҷтимоии Истаграм навори видеои ба дарёи Сурхоб  афтодани духтарон нашр шуд.

Ин ҳодисаро духтари дигар - хоҳари духтари 15-солаи ҳалокшуда, ки ҳамроҳи онҳо дар соҳили дарё буд, наворбардорӣ кардааст.

Дар кадр дақиқаҳое дида мешаванд, ки духтарон назди соҳили дарё омада, хеле наздик ба об акс гирифтанӣ мешаванд. Сипас яке аз духтарон ба об афтода, духтари дигар барои кумак ба ӯ даст дароз мекунад, лекин ӯ ҳам ба дарё меафтад. Дида мешавад, ки маҷрои тези оби дарё дар сонияҳои башумор духтаронро аз соҳил дур мебарад.

Ҷасадҳои духтари 15-солаи сокини ҷамоати Сари Пули ноҳияи Рашт ва духтари 19-солаи сокини Душанбе рӯзи 29 апрел 35 километр поинтар аз маҷрои рӯдхона дарёфт шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.