Дар ҷамоати Фондарё, деҳаи Марғзори ноҳияи Айнӣ рӯзи 20 май бар асари канда шудани шахпорае модари 30-сола бо се фарзандаш ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Ба иттилои манбаъ, зан дар хоҷагии деҳқониашон воқеъ дар мавзеи Сангҳои Чигишт машғули кор буда, фарзандони ӯ - ду духтарчаи 8 ва 1-сола, ҳамчунин писарчаи 5-солааш дар паҳлӯяш саргарми бозӣ будаанд.
«Вақте модар мебинад, ки аз кӯҳ шахпорае канда шуда, сӯи кӯдаконаш мефарояд, назди онҳо давида, барои наҷоти фарзандонаш бо ҷисми худ онҳоро пӯшониданӣ мешавад, вале ин ба ӯ муяссар нагардида, аз ҷароҳатҳои бардошта модару се фарзандаш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд», - хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Кумита.
Зимнан зикр гардид, ки боришоти шадиди рӯзҳои охир дар ҷумҳурӣ ба канда шудани шахпора боис гардидааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста