Кормандони милитсия рӯзи 4 июн дар заминҳои деҳаи Гулшани ноҳияи Фархор ҷасади марди 78-солаи сокини деҳаи Гулшанро бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ба гумони даст доштан дар ин куштор ҳамсари 31-солаи марҳум боздошт шудааст, ки қаблан мутобиқи моддаи 105-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Кӯдаки навзоди худро куштани модар) маҳкум шудааст.

Гуфта мешавад, дар заминҳои канори ҳавлии истиқоматӣ ҳамсарон ба муноқишаву ҷангу ҷанҷол пардохта, зан бо мушту лағат якчанд маротиба ба пушти сари мард задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.