Нимаи дуюми рӯзи 11 июн дар кӯчаи Дарвози назди «Мясокомбинат»-и шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омад. Сабабҳои сӯхтор айни замон мавриди таҳқиқ қарор доранд.

«Сӯхтор 5 хонаро фаро гирифт. Он дар яке аз хонаҳо сар зада, аз шамоли бархоста ба хонаҳои паҳлӯ гузашт», - хабар дод котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ.

Бино ба гуфтаи ӯ, оташ ба сурати умум 120 метри мураббаъро фаро гирифта, асосан боми хонаҳо сӯхтанд.

«Айни замон алҳол сарчашма ва аз кадом хона  сар задани оташ маълум нест. Барои хомӯш кардани сӯхтор 5 мошини оташнишонӣ сафарбар шуд», - гуфт ӯ ва қайд кард, ки дар бораи сӯхтор ба хадамоти оташнишонӣ дер хабар додаанд.

Қобили зикр аст, ки ин аллакай ҳодисаи сеюми сӯхтор дар як моҳ дар пойтахт мебошад. Ҳодисаи якум дар бозори «Султони Кабир» ва дигар ҳодисаи сӯхтор дар қаҳвахонаи «Мерве» рух дода буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.