Шабонарӯзи гузашта бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ зимни оббозӣ дар кӯлу дарё ва обанборҳои кишвар 5 нафар ғарқ шуданд, ки се нафарашон кӯдакон ва синни калонтарини онҳо 15-сола мебошад.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳо фавқулода Умеда Юсуфӣ хабар дод, барои дарёфти ҷасадҳои онҳо наҷотдиҳандагони Кумита сафарбар шуда, ҳамаи ҷасадҳо дарёфт ва ба мақомоти марбута супурда шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, сабаби ҳалокати кӯдакон оббозӣ дар ҷойҳои муқаррарнашуда, надоштани малакаи шиноварӣ ва бепарвоии падару модарон мебошад, ки кӯдакони худро назди кӯлу дарё ва обанборҳо беназорат мегузоранд.

«Бо вуҷуди чандин маротиба огоҳ кардани Кумита аз риояи қоидаҳои бехатарӣ зимни оббозӣ ва шиноварӣ накардан дар ҷойҳои муқаррарнашуда, одамон ҳаёти худро зери хатар гузошта, ҳама гуна манъкуниҳоро ба инобат намегиранд», - иброз дошт ӯ.

Номбурда бори дигар ба сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хотиррасон намуд, ки қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозиро риоя намуда, ҳаёти худро зери хатар нагузоранд.

Зимнан зикр гардид, ки маъмурияти минтақаҳои истироҳатӣ ҷиҳати бехатарӣ барои шаҳрвандон ва таъмини шиногоҳ (пляж)-у ҳавзҳои шиноварӣ бо таҷҳизоти зарурӣ тадбирҳо андешидаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.