Дар шимоли шаҳри Санкт-Петербург санаи 27 июн байни коргарони сохтмон - муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷанҷолу занозанӣ рух дод, хабар медиҳад Фонтанка.

Бино ба навиштаи нашрияи Питер, як тоҷикистонии 18-сола ва як шаҳрванди 37-солаи Ӯзбекистон бо ҷароҳат ба бемористон оварда шудаанд.

Овозҳову фарёдро аз майдони сохтмон сокинони маҳаллӣ шунила, пас аз дидани ба ҳамдигар бо чӯбу санг ва арматура ҳамла кардани ҷангандагон, онҳо пулисро даъват мекунанд.

Ба иттилои «Фонтанка», вақте мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷойи ҳодиса ҳозир мешаванд, занозанӣ аллакай ба охир расида буд. Аммо шом 30 иштирокчии муноқиша ихтиёрӣ ба мақомоти пулис мераванд, ки 26 нафари онҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон, ду нафар тоҷикистонӣ ва як шаҳрванди Озарбойҷон будаанд. Аз ин шумор нисбати 19 нафар барои риоя накардани қоидаҳои вуруд ба Русия ё реҷаи ҳузур санадҳо тартиб дода шуда, нисбати 11 нафар аз рӯи майдаавбошӣ чора дида мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.