Ҷасади ду сокини маҳаллаи Хуҷамбиёи Поён (мавзеи корхонаи сементбарорӣ), ки ҳангоми оббозӣ дар канал (наҳр) ғарқ шуданд, дарёфт ва ба наздиконашон супурда шуданд.

Ду нафар - навраси 13-сола ва марди 24-сола шоми рӯзи 28 июн ҳангоми оббозӣ дар канале, ки аз нерӯгоҳи барқи обии Варзоб сарчашма мегирад, ғарқ шуданд, хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Умеда Юсуфӣ.

Ҷасадҳои онҳоро субҳи имрӯз наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дарёфт намуданд.

Тавре маълум аст, аз ин канал сокинони Душанбе бо оби нӯшокӣ таъмин шуда, оббозӣ дар он қатъиян манъ аст.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, аз оғози сол дар наҳру кӯл ва обанборҳои Тоҷикистон 54 нафар ғарқ шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.