Сарраёсати хадамоти оташнишонии ВКД Тоҷикистон сабабҳои аслии сӯхторҳоро, ки рӯзи 2 июн - дар бозори «Султони Кабир», 24 июн - дар қаҳвахонаи «Роҳат ва 28 июн - дар тарабхонаи «Шукрона» сар заданд, муайян кард.

Дар бозори «Султони Кабир» сӯхтор бар асари расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ сар задааст: дар ноқилҳои барқӣ сарбории зиёд ба амал омадааст.

Аз рӯи ин далел нисбати се устои барқи бозор мутобиқи моддаи 256-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Аз беэҳтиётӣ несту нобуд ё  вайрон кардани молу мулк) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон.

Устоҳои барқи бозор огаҳии кормандони хадамоти оташнишониро дар бораи бартараф кардани норасоиву камбудиҳо, ки қаблан зимни санҷиш ба онҳо пешниҳод шуда буд, сарфи назар кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 2 июн дар Маркази савдои бозори «Султони Кабир» сӯхтор сар зада, он масоҳати 1230 метри мураббаъро фаро гирифт. Дар натиҷа ба анборҳо ва 21 адад дӯкону мағозаҳо зарари моддӣ расонда шуд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Сабаби сар задани сӯхтор дар қаҳвахонаи «Роҳат» рафтори беэҳтиётона бо оташ дар ҷараёни тайёр кардани сихкабоб (шашлик) аз ҷониби ошпази қаҳвахона унвон мешавад.

Сӯхтор дар қаҳвахона шоми рӯзи 24 июн ба амал омада, барои хомӯш кардани он якчанд дастаҳои оташнишонӣ сафарбар шуданд, одамон осеб надиданд. Боми қаҳвахона пурра ба коми оташ рафта, ба бино ҳам осеб расид.

Сӯхтор дар тарабхонаи «Шукрона», ки дар гардиши роҳи фурудгоҳ воқеъ аст, рӯзи 28 июн бо айби заргарон сар задааст, ки дар коргоҳи боми бино кор мекарданд. Онҳо ҳангоми кор бо дастгоҳи кафшергарӣ ба беэҳтиётӣ роҳ доданд.

Сӯхтор 200 метри мураббаъ майдони тарабхонаро фаро гирифт
Asia-Plus

Ёдрас мекунем, ки сӯхтор дар тарабхонаи «Шукрона» 200 метри мураббаъро фаро гирифта, барои хомӯш кардани он 12 дастаи оташнишонӣ сафарбар шуд. Ба макони ҳодиса кормандони ВКД, БДА ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуда буданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.