Субҳи рӯзи душанбе дар Туркия як қатораи мусофирбар ба садама дучор шуд.

Бино ба итттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин қатора аз Туркия ба Юнону Булғористон ҳаракат мекард. Ҳадди ақал шаш қатори он аз роҳи оҳан берун рафтаанд.

Гуфта мешавад, дар ин қатора 360 мусофир ҳузур доштанд. Бино ба хабарҳои охир, 24 мусофир фавтида, бештар аз 70 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

1/3

Дар ҷои ҳодиса 100 мошини "Ёрии таъҷилӣ" равуо доранд ва мақомоти Туркия ҳамчунин чархболҳои наҷотдиҳандаро ба ин ҷо фиристодаанд.

Ба гуфтаи мақомот, вазъи номусоиди ҳаво боиси садама шудааст. Дар минтақаи садама борони шадид мерехт ва роҳи оҳанро сел пур кардааст.