Субҳи имрӯз дар километри 72-юми шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд автомашинаи боркаши гази моеъ ба девори бинои канори роҳ бархӯрда, аз зарфи он газ ба хориҷшавӣ шурӯъ намуд. Ронандаи автомашина дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти IRS.

Дар ширкат зикр мекунанд, ки аз лаҳзаҳои аввали рух додани садама кормандони филиали Ширкат ба маҳалли ҳодиса расида, чораҳои дахлдор андешида шуд. Тибқи фарзияҳо, ронандаро хоб бурдан сабаби рух додани садамаи мазкур шудааст.

Cурат аз сомонаи IRS

Дар мувофиқа бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати мамлакат, Хадамоти оташнишонии ВКД ва БДА тасмим гирифта шуд, ки ҳаракати нақлиёт дар ин масир муваққатан боздошта шавад. Иқдоми мазкур ба хотири таъмини бехатарии мусофирону ронандагон амалӣ шкд, зеро хавфи таркидани гази дар автомобил боқимонда амалӣ шуд.  

Гуфта мешавад, бинобар хориҷ шудани газ ва мавҷуд будани хавфи таркидани он ҳаракати воситаҳои нақлиётро ба муддати 40 дақиқа боздошта шуд. Дар заминаи тадбирандешиҳои муштарак бо кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хавфи мавҷуда - эҳтимоли таркидани автомобил бартараф ва ҳаракати нақлиёт иҷозат дода шуд. Ҳоло роҳ кушода буда, ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт таъмин аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.