Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд шоми рӯзи 15 июл сокини 19-солаи шаҳри Панҷакентро аз ғарқшавӣ дар Сирдарё наҷот доданд. Ҷавон худро аз болои пули Исмоили Сомонӣ ба дарё партофтааст.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар доданд, ба наҷотёфта кумаки аввалияи тиббӣ расонида шуда, ӯ ба ихтиёри мақомоти дахлдор супурда шуд, то ки сабабҳои ба ин амал даст заданашро ошкор намоянд.

Зимнан зикр гардид, ки бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар кӯлу дарё ва обанбору дигар ҷойҳои оббозии ҷумҳурӣ навбатдории шабонарӯзии воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ раиси Кумита Рустам Назарзода қайд кард, ки дар ин самт фаъолиятро мебояд боз ҳам бештар тақвият бахшид, то ки ҳаёти шаҳрвандони ҷумҳурӣ, бахусус кӯдакон эмин нигоҳ дошта шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.