Дар Мексика як ҳавопаймои мусофирбари ширкати Aeroméxico бо 101 мусофир ба садама дучор шуд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, "Embraer 190" бо 97 мусофир ва чаҳор узви экипаж дар масири Дуранго-Мексика парвоз мекард.

Гуфта мешавад, тибқи расмӣ, дар натиҷа 85 нафар захмӣ шуда, касе ба ҳалокат нарасидааст.

Зикр мегардад, ки ҳавопаймо соати 16:00 ба вақти маҳаллӣ, панҷ дақиқа баъди парвоз аз фурудгоҳи Дуранго суқут кард. Дертар мақомот хабар доданд, ки тамоми мусофирон зинда ҳастанд.

"Дар садамаи Embraer 190 касе ба ҳалокат нарасидааст", - навиштааст раҳбари иёлати Дуранго Хосе Айспиро дар Твиттер. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир, мақомот ба осебдидаҳо кумак мерасонанд.