Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи салоҳиятдори огаҳ аз ҷараёни амалиёти наҷоти кӯҳнавардон хабар дод.

“Аллакай дақиқан маълум аст, ки ду сарнишини чархбол ва се нафар кӯҳнавардон ба ҳалокат расиддаанд. Айни замон дар макони афтодани чархбол дастаи наҷотдиҳандагон қарор доранд. Дар фурсати наздиктарин бояд онҳоро ба ҷои бехавф баранд. Робита бо онҳо хуб аст”, - гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода зикр мекунад, ки дар фурсати наздиктарин аз ҷузъиёти корҳои наҷот хабари расмӣ интишор мешавад.

Тибқи маълумоти Кумита, чархбол дар кӯҳҳои Помир “нишасти сахт” анҷом дода, онро ҳамроҳ бо ҳайати сарнишинон ширкати сайёҳии PamirPeaks аз Гвардияи миллӣ иҷора гирифтааст.

Тибқи маълумоти як манбаъ дар ширкат, айни замон 150 нафар сайёҳон дар кӯҳҳо қарор доранд ва онҳо дақиқан гуфта наметавонанд, ки маҳз киҳо дар ин чархбол ҳузур доштанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.