Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад, ки айни замон иртибот бо кӯҳнавардон барқарор шудааст.
Гуфта мешавад, макони феъолии онҳо дақиқ карда шуда, дар наздиктарин фурсат ба минтақаи офат аз фурудгоҳи Лахш чархболҳо бо кормандони наҷот парвоз хоҳанд кард.
Зимнан зикр мегардад, ки аз ҷузъиёти корҳои наҷот хабари расмӣ интишор мешавад.
Дар Кумита ҳамчунин изҳор намуданд, ки аз нишасти сахти чархбол дар кӯҳҳо онҳо соати 18-и рӯзи 12 август огаҳ гардидаанд.
«Бо сабаби номусоидии обуҳаво мо ба макони ҳодиса дарҳол чархбол фиристода натавонистем, аз ин рӯ, корҳои ҷустуҷӯ ва наҷотбахшӣ субҳи имрӯз оғоз гардиданд, ки ба он се чархбол сафарбар шуд», - гуфтанд дар Кумита.
Дар ҳамин ҳол, telegram-шабакаи Mash иттилоъ медиҳад, ки кӯҳнавардон ба кӯчидан омодагӣ мегиранд.
«Қаблан як нафар аз кӯҳнавардон Дмитрий Кумшаев бо наҷотдиҳандагон дар тамос шуда, гуфтааст, 12 нафар дақиқан зиндаанд ва ҳамсари ӯ аз сараш ҷароҳат бардоштааст. Барои гарм шудан сайёҳон сарулибосашонро ба оташ андохтаанд. Наҷотбахшон сайёҳонро пайдо намуда, акнун дар фикри чӣ гуна наҷот додани онҳо мебошанд», - менависад шабака.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста