Шоми рӯзи 17 сентябр, тахминан соати 20-у 10 дақиқа дар мавзеи истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душане садамаи нақлиёт рух дод.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, сокини 18-солаи пойтахт Фаридун Гулов ҳангоми ҳаракат дар роҳи ин мавзеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ҷинсаш марди шахсияташ номаълуми тахминан 25-30-соларо пахш намудааст.
Гуфта мешавад, дар натиҷа пиёдагарди мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ”-и шаҳри Душанбе ба ҳалокат расидааст. Шахсияти ӯ то ҳол маълум нест.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.