Дар вилояти Хатлон ҳодисаи куштори писарчаи сесола мавриди таҳқиқ қарор дорад. Ҷасади ӯ аз назди ҷӯйбори обгузари ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дарёфт шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, номбурдаро модаркалонаш, зани 58-сола, тариқи маҷбурӣ зинда таги хоку лой намудааст, ки дар натиҷа кӯдаки хурдсол ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, тӯли ҳашт моҳи соли равон дар Тоҷикистон 67 ҳодисаи куштор ва суиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.