Марди 29-сола аз бинои суди ноҳияи Шоҳмансур фирор намуда, худро аз бинои сохтмонаш нотамом ба замин партофт. Прокураураи ноҳияи мазкур парванда аз рӯи далели маргро тафтиш мекунад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, ин мард ба гумони иштирок дар гурӯҳҳои ифротгароӣ боздошт шудааст.

“Сокини шаҳри Ваҳдат Фарҳод Сафармамадов санаи 16 сентябр аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили ВКД Тоҷикистон ба гумони робита доштан бо гурӯҳҳои ифротгаро боздошт ва ба суди ноҳияи Шоҳмансур оварда шуд. Суд дар бораи ҳабси ӯ қарор қабул кард, аммо ҳангоми аз бинои суд баромадан, ба ӯ муяссар шуд, ки фирор кунад”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Бино ба гуфтаи манбаъ, кормандони милитсия аз паси ӯ ба таъқиб пардохта, лекин ба ӯ муяссар мешавад, ки ба бинои баландошёнаи паҳлӯи суд барояд ва худро аз тирезаи яке аз хонаҳо ба замин партояд, ки дар натиҷа ба ҳалокат мерасад.

Дар мақомоти прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ин маълумотро тасдиқ намуда, лекин аз пешниҳоди ҷузъиёти он худдорӣ варзиданд.

“Парвандаи мазкур аз ҷониби кормандони мо мавриди тафтиш қарор дорад, лекин алҳол аз тафсилоти ҳодиса маълумот дода наметавонем”, - гуфтанд дар прокуратураи ноҳия.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.