Сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе рӯзи 6 октябр дар ҷойи кориаш аз силоҳи хизматиаш – таппончаи Макаров ба сӯӣ зертобеаш тир холӣ мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ.
Тирпарронида Рустам Саъдиев 34-сола ва ҷабрдида – Ниёзмаҳмад Алиеви 30-сола замони рух додани ҳодиса дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд.
Корманди милитсияи ҷабрдида бо захмҳо аз тир дар шикам ва пой дар бемористон бистарӣ шуда, айни замон ба ҳаёти ӯ дигар хатаре вуҷуд надорад.
Сардори шуъбаи кофтуков ҷиноятии фурудгоҳ боздошт шуда, ВКД тафтиши дохилӣ мегузаронад. Ҳамчунин прокуратура дар нақлиёт низ ба тафтиш машғул аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Даромади муҳоҷирони тоҷик дар Маскав чӣ қадар аст?
Як шаҳрванди Тоҷикистонро барои бознашри навори ҳамла ба "Крокус" ва шарҳ дар зери он боздошт кардаанд
Андрей Серенко: доир ба амалҳои террористӣ Маскавро ду моҳ пеш огоҳ карда буданд
Як ниҳоди назди Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, вазъи муҳоҷирон дар Русия “тағйир наёфтааст”
Дар Қирғизистон Райимбек Матраимов ва се бародарашро ҳабс карданд
“Ҳамаро бурданду аз хоҳараш дарак нест”. Пайвандони Фаридуни Шамсиддин дар куҷоянд?
Дар Тоҷикистон боз борон мебораду ҳаво сард мешавад
Сиёсатмадори қирғизе, ки санади қитъаи марзӣ бо Тоҷикистонро имзо карда буд, озод шуд
Дар ҳолати таҳдиду зӯроварӣ дар Русия тоҷикон ба куҷо метавонанд муроҷиат кунанд?
“Иҷора намедиҳанд”, “Корхонаро оташ заданд”, “Ба мошин намешинанд”... Афзоиши фишор ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста