Капитани Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, фармондеҳи яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадии Ҳамадонӣ Суҳроб Қосимов ҳангоми талоши наҷот сарбоз, ки ба дарёи Панҷ афтида буд, ба ҳалокат расид.

Ин ҳодиса рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта, санаи 13 сентябр рух дод. Дар ин рӯз гурӯҳи сарҳадбонон бо роҳбарии капитан дар соҳили дарёи Панҷ мавзеи наздимарзиро бо Афғонистон аз назар мегузарониданд.

“Сарбози ҳамроҳаш Худойдод Худойдодов пояш лағжида, ба дарёи Панҷ меафатад ва афсар ба наҷоти ӯ шитофта, барои аз об баромадани ӯ кумак кард, вале барои худашро аз оби хунук берун гирифтан қувваташ нарасид”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ва илова намуда, ки сарбози наҷотёфта дар беморитсон бистарӣ шуд.

Ҷасади афсар Суҳроб Қосимов рӯзи 14 октябр дар зодгоҳаш – ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба хок супурда шуд.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон ин ҳодиса мавриди таҳқиқи прокуратураи ҳарбии Тоҷикистон қарор дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.