Дирӯз дар Душанбе ҷасади сардори маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон полковник Фахриддин Собировро ба хок супурданд. Ӯ аз афтодан бар асари фишори баланд ба ҳалокат расид.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ин хусус изҳороти расмӣ пахш намуд: Собиров лату кӯб нашуда, бар асари фишори баланд худаш ба замин афтидааст. Дар натиҷа сараш ба асфалт бархӯрда, ҷароҳати вазнин бардошт. Инро кормандони милитсия бо истифода аз имкониятҳои техникии камераҳои Маркази худкори «Шаҳри бехатар» ва пурсиши шоҳидони ҳодиса муайян намуданд. Фахриддин Собиров дар бемористон ба ҳуш наомада, рӯзи 15 октябр аз олам даргузашт.

Садамаҳои нақлиёт

Ин ҳодисаи аввали ҳалокати кормандони Хадамоти гумрук нест. Моҳи ноябри соли 2008 сардори маркази матбуоти хадамоти гумруки ҷумҳурӣ подполковник Абдурасул Шарипов бар асари садамаи нақлиёт ба ҳалокат расид. Ӯро шаби 24 ба 25 ноябр дар қаламрави маҳаллаи 82-юми пойтахт автомашинаи тамғаи “Жигули” пахш кард.

Моҳи августи соли 1999 сарнозири маркази матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон майор Сергей Ситковский бар асари зери чархи автомашинаи номаълум мондан дар қаламрави бозори “Султони Кабир” ҳалок шуд. Гунаҳкори ҳодиса то ҳол дарёфт нашудааст.

Як фирор ба Давлати исломӣ

Моҳи майи соли 2015 Ҳумайро Мирова, ҳамсари дуюми полковники фироркарда ба Давлати исломӣ Гулмурод Ҳалимов, ҳамроҳи чор фарзандаш ба Сурия рафта, ба сафҳои гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” пайваст.

Ҳумайро Мирова то соли 2015 дар дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон фаъолият намуда, рутбаи капитанро дошт.

Ҳумайро Мирова
Радиои Озодӣ

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.