Дар шаҳри Санкт-Петербург се нафар шахсони номаълум ба шаҳрванди Тоҷикистон дарафтода ӯро бо силоҳи травматикӣ (ҷароҳатдеҳ) захмӣ карданд: тоҷикистонии 23-сола дар бемористон бистарӣ шуд.

Ҳамла соати яки шаби 22 октябр назди истгоҳи метрои “Площадь Мужества» сурат мегирад. Се шахси номаълум аз шаҳрванди Тоҷикистон оташафрӯзак (зажигалка) пурсида, сипас ба латукӯби ӯ оғоз мекунад. Яке аз онҳо ба қафаси синаи ӯ бо силоҳи травматикӣ тир мепарронад, хабар медиҳад “Фонтанка”.

Ба ҷабрдида муяссар мешавад, ки мустақилона наздики 4 километр масофаро тай намуда, ба бемористон барои кумак муроҷиат кунад. Дар бемористон ӯро ҷарроҳӣ мекунанд.

Бино ба маълумоти neva.today, аз рӯи ин далел санҷиш оғоз гардидааст. Маълум шудааст, ки тоҷикистонии ҷабрдида қонунӣ дар қаламрави Русия ҳузур дошта, дар Петербург қайди муваққатӣ дорад. Мақомоти пулис айни замон ҳамлагаронро ҷустуҷӯ дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.