Бар асари садамаи нақлиёт, ки санаи 2 ноябр каме дуртар аз шаҳри Маскав дар Чехово рух дод, ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва ду нафари дигар ҷароҳат бардоштанд, хабар медиҳад портали Чехов-Вид.ру.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи ВАЗ-2114 бо се нафар мусофир аз идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракат мебарояд, ки аз он самт мошини боркаши начандон бузургҳаҷми Mitsubishi Fuso ҳаракат доштааст.

«Бархӯрд то он дараҷа сахт сурат гирифтааст, ки автомашинаи сабукрави ВАЗ хеле зиёд фурӯ рафта, паҷақ шудааст. Автомашинаи боркаш низ якпаҳлӯ чаппа шудааст”, - қайд мешавад дар хабар.

1/5

Ба иттилои манбаъ, аз мусофирони автомашинаи сабукрав ду нафар дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва ду тани дигар ҷароҳат бардошта, ҳалокшудагон ва маҷрӯҳон ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки аз фурудгоҳи “Домодедово” меомадаанд. Ҳалокшудагон Иброҳим Саидови 20-сола ва Саидбурҳон Самирови 43-сола мебошанд.

Зимнан зикр мегардад, ки кормандони Сарнозироти БДА сабабҳои ба вуқӯъ пайвастани садамаро мавриди таҳқиқ қарор додаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.