Бар асари садамаи нақлиёт дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ду нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 12 ноябр ронандаи автомашинаи Opel Vectra зимни ҳаракат дар роҳи байни ноҳияҳои Ёвон ва Ҷомӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ду пиёдагардро пахш мекунад, ки Маҳмадулло Сиддиқови 57-сола ва Мирзоалӣ Файзуллоеви 36-сола аз ҷароҳатҳои гирифта дар бемористони маҳаллӣ ҳалок шудаанд.

Гуфта мешавад, ҳамаи ҳолатҳои вобаста ба ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Бино ба маълумоти расмӣ, давоми солҳои 2017-2018 дар роҳҳои кишвар 2300 ҳодисаҳои садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 721 нафар ҳалок ва 2370 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.