Дар як манзили хусусӣ назди бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе соати 10:40 дақиқаи имрӯз сӯхтор сар зад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як шоҳиди ҳодиса.

Айни замон он хомӯш карда шудааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, аз ин сӯхтор касе осеб надидааст. Сӯхторро оташнишонони бозор хомӯш кардаанд. Манзили зикршуда пурра ба коми оташ рафтааст.

Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ, сабаби сар задани сӯхтор алҳол маълум нест.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.